Пешниҳод дар бораи маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои муҳоҷирони минтақаҳои «хавфнок»
Душанбе, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо хавфи терроризм бештар ҳис карда мешавад, аз имконияти на фақат гирифтани шиносномаҳои русиягӣ, балки аз имконияти пайдо намудани мақоми гуреза дар қаламрави Федератсияи Русия низ маҳрум карда хоҳанд шуд. Вакили Маҷлиси қонунгузории шаҳри Санкт — Петербург Виталий Милонов ба роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромодановский муроҷиатномаи дахлдор ирсол дошт.
Ба фикри вакили парлумон, бояд шаҳрвандони бо ифротгароён алоқадоштаи Русия аз ҳуқуқи ба даст овардани шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд. Ба гуфтаи Милонов, дар сурати шиносномаҳои русиягиро надоштани шахсони хавфнок, бояд онҳо аз кишвар хориҷ карда шаванд. Ба фикри вакил, фақат чунин тадбирҳои таъҷилӣ имкон медиҳанд, ки хавфи амалҳои террористӣ дар Русия коҳиш дода шавад.
Тавре ки Милонов иброз дошт, бинобар афзудани мавҷи гурезаҳо аз минтақаҳои ноороми Шарқи Наздик ва Осиё, Русия дар баробари кишварҳои Аврупо дар минтақаи хавфу хатар қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






