Президенти Тоҷикистон: “Обшавии босуръати пиряхҳо ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад”

Ноябрь 30, 2015 15:17

Душанбе, 30.11.2015.  (АМИТ “Ховар”).- “Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 ададаш ба нобудӣ расидааст”, — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30.11.2015 дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим, ки дар шаҳри Парижи Фаронса ҷараён дорад. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад.Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. 
“Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд”, — ёдовар шуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон ҳолати кунунии вазъи муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад.

Ноябрь 30, 2015 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!