Прокуратураи Париж марги 128 нафарро дар амалҳои террористӣ тасдиқ кард

Ноябрь 14, 2015 11:22

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).  Теъдоди пешакии қурбониёни амалҳои террористии Фаронса ба 128 нафар расида, 99 нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Дар ин бора агентии хабарии «Рейтер» бо истинод ба манбаъ аз Прокуратураи Париж иттилоъ медиҳад.
Чанде пеш манбаъ иттилоъ дода буд, ки 127 нафар ҳалок гардида, 250 тани дигар маҷруҳ шудаанд, ки аз ин теъдод 80 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Шоми 13-уми ноябр шахсони номаълум дар яке аз тарабхонаҳои пойтахти Фаронса шаҳри Париж тир кушоданд. Ҳамзамон 3 таркиш дар наздикии варзишгоҳи «Стад де Франс», ки дар он бозии рафиқонаи Фаронса ва Олмон бо иштироки Президенти Фаронса Франсуа Олланд мегузашт, ба амал омад. Ба ғайр аз ин, дар рок консерти театри «Батаклан» шахсони номаълум мардуми осоиштаро гаравгон гирифта, зиёда аз 100 нафари онҳоро куштанд.

 

Ноябрь 14, 2015 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ