Пулиси Белгия то ҳол натавонистааст гумонбари асосии амалҳои террористии Парижро боздошт кунад

Ноябрь 23, 2015 10:57

Душанбе, 23.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ба пулиси Белгия то ҳол муяссар нашудааст, ки гумонбари асосӣ дар содиршавии амалҳои террористии Париж Салоҳ Абдуисломро дастгир кунад. Намояндаи Прокуратураи федералии Брюссел расман изҳор кард, ки амалиёти умумимиллии махсус ба анҷом расидааст. Тибқи иттилои  намояндаи Прокуратураи федералии Брюссел дар ҷараёни амалиёти махсус 19 маротиба санҷишҳо гузаронида шуда, 16 нафар бо гумони алоқаманд будан ба терроризм дастгир шуданд. Яке аз ин нафарон ҳангоми кӯшиши гурехтан аз кормандони пулис захмӣ шудааст.
Бо вуҷуди ба анҷом расидани амалиёти махсус дар давоми рӯз дар пойтахти Белгия фаъолияти метро, марказҳои варзишӣ, дилхушӣ ва савдо қатъ шудааст. Иттилоъ дода мешавад, ки зимни амалиёти махсус дар наздикии шаҳри Леж шахси монанд ба Абдуислом мушоҳида карда шуд, вале ба ҷинояткор муяссар гардид, ки худро аз кормандони пулис пинҳон кунад.

Ноябрь 23, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ