Р. Раҳимзода: «Масъулияти кори милитсия муҳим, вале сангин аст»

Ноябрь 10, 2015 11:53

Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия  имрӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронӣ зикр кард, ки: «Милитсияи Тоҷикистон яке аз фаъолтарин сохтори қудратии давлат маҳсуб шуда, масъулиятеро бар дӯш дорад, ки басо ҳассос ва дар бисёр маврид сангин аст. Милитсия ҳамеша ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткориро рисолати аслии худ шинохта, дар ин роҳи пуршараф корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ин аст, ки ҷомеаи мо ба нақши милитсия дар таҳкиму пойдории сулҳу суботи кишвар ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, ба заҳмати кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини бехатарӣ ва оромии сокинон эҳтиром мегузорад».
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ консерти идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Ҳунармандон бо рақсу сурудҳои ҷаззоб  ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшиданд.
Дар хотимаи ҷаласаи идона арзи сипоси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз номи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид ва он бо  суханони зерини дастаҷамъонаи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ хотима ёфт:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем! 

Ноябрь 10, 2015 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ