Раҳимҷони Шарофзода — китобноманигор

Ноябрь 18, 2015 12:50

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Раҳимҷони Шарофзода ба таҳқиқи масоили илмие, ки то кунун дар илми китобдории тоҷик омӯхта нашуда буданд, даст зад ва аввалин рисолаи илмии ӯ таҳти унвони «Давраҳои асосӣ ва қонунияти инкишофи библиографияи адабии тоҷик» ба табъ расид, ки дар ин таҳқиқот номбурда аввалин шуда,  таърихи библиографияи адабии тоҷикро  бо қонуниятҳояш таҳлил ва бо далелҳои муътамади илмиву мантиқӣ асоснок намуд»,-гуфт имрӯз зимни суханронӣ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода  дар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи библиография дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот», ки ба ифтихори 80- солагии зодрӯзи китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарофзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  баргузор гардид. 
Ҳамчунин дар конфронс зикр шуд, ки саҳми Раҳимҷон Шарофзода дар  рушди соҳаи китобдорӣ ва омода  кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи мазкур хеле назаррас аст. Тамоми он барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар соҳаи китобдорӣ бори нахуст  маҳз бо роҳбарии Раҳимҷон Шарофзода тарҳрезӣ гардида, пешкаши хонандагон шуданд  ва гуфта мешавад, ки номбурда дар тӯли ҳаёти худ зиёда аз 300 мақолаву китоби худро ба нашр расонидааст. 

Ноябрь 18, 2015 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад