Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият

Ноябрь 24, 2015 09:28

Душанбе, 24. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-«Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият»-таҳти чунин унвон 23 ноябр дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъияти байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” ва иштироки масъулини Вазорати маориф ва илм, ректорону директорон, профессорону омўзгорон ва муҳаққиқону донишмандони  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва намояндагони конфронси ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс инчунин  китоби “Маориф-гарави пешравии ҷомеа” (дар партави асарҳои А.Дониш, С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва М.Турсунзода)  муаррифӣ гардид. 
Муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев вобаста ба дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони истиқлолият ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи  маориф ва илми Тоҷикистон бо суръати тамом рў ба пешрафту тараққӣ ниҳода, ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил гардид. 
Дар идомаи ҳамоиш муаррифии китоби “Маориф-гарави пешравии ҷомеа” (дар партави асарҳои А.Дониш, С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва М.Турсунзода) сурат гирифт. Зимни нишаст донишмандони тоҷик Шарифмурод Исрофилниё, Олимҷон Хоҷамуродов, Сайфулло Муллоҷонов, Аъламхон Кўчаров ва Нодир Одилов вобаста ба мазмуну муҳтаво ва ҳусну қубҳи китоби тозанашр изҳори назар намуданд. 

 

 

Ноябрь 24, 2015 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ