Русия низоми бераводид бо Туркияро бозмедорад

Ноябрь 28, 2015 05:02

Душанбе, 28.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия низоми рафтуомади бидуни раводид бо Туркияро аз 1 январи соли 2016 бозмедорад. Дар ин бора «РИА Новости» иттилоъ додааст.
«Мехоҳам бигӯям, ки Русия аз афзоиши хатарҳои террористӣ дар Туркия хеле ва хеле нигарон аст. Ин аслан марбут ба амнияти ФР ва шаҳрвандони мост. Тавассути Туркия интиқоли ҷангиён ба самтҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст», — тазаккур дод С. Лавров ба ТАСС.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии ФР, Маскав дар як сол 17 маротиба аз Анқара маълумот дар бораи шаҳрвандони Русияро, ки бо гумони иштирок дар фаъолияти террористӣ боздошт шудаанд,  дархост намуд, вале ин дархостҳо  беҷавоб монданд.
«Ростуризм» ба ширкатҳои туристӣ тавсия дод, ки фурӯши роҳхатҳои сайёҳӣ ба ин кишварро қатъ кунанд.
Сардори Федератсияи меҳмонхонаҳои Туркия Усмон Айик дар навбати худ ба рӯзномаи «Hurriyet» гуфт: «Мо наметавонем бозори Русияро, ки дар бахши туристии Туркия ҷойи дуюмро ишғол мекунад, аз даст диҳем. Мо соли равон беш аз 800 ҳазор сайёҳони русро бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ дар Русия аз даст додем ва меҳмонхонаҳоро зарур омад, ки барои ҷалби муштариён нархҳоро ба таври назаррас паст кунанд. Вале ин ҳам кумак накард».
Бояд тазаккур дод, ки дар давоми 10 моҳи соли равон шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки ба Туркия сафар кардаанд, аз ҳама бештар аз Олмон (15,56%), пасон аз Русия (10,70%) ва аз Британияи Кабир (7,33%) мебошанд. Шумораи сайёҳон дар Туркия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,02%  кам шудааст. 

 

Ноябрь 28, 2015 05:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ