«Рўзи Парчами давлатӣ муборак!»-ҳамоиши гумрукчиён

Ноябрь 19, 2015 11:58

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун иди миллӣ бо ифтихор аз давлату  давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад.
 Ҳайати шахсии кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар арафаи таҷлили рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  устоди Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ   Сафар Эркаев вохўрӣ доир намуданд.
 Дар ҷамъомад зикр гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпараст ҳамеша побарҷо бошад.
Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари умеду ормонҳои миллат ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободиву шукуфоии ватани азизамон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

Ноябрь 19, 2015 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ