С.Тағойзода масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуд

Ноябрь 30, 2015 10:21

Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар ҷаласаи навбатии Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия иштирок дошт. Хотиррасон мекунем, ки ҷаласаи навбатии Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург 26-27 ноябри соли 2015 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаҳои мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид  ва сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорат Каримзода Тоир иштирок намуданд.
Мавзўи асосии чорабиниҳо муҳокимаи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати байналмилалӣ: мушкилот, ҳамкорӣ ва рушди имкониятҳо буда, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар атрофи мавзўъҳои мазкур дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъруза намуд.

Ноябрь 30, 2015 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ