Саҳми Иҷлосияи ХVI дар барқарорсозӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон
Душанбе, 27.11.2016. (АМИТ «Ховар»).-26 ноябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ бахшида ба 23-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар мизи мудаввар Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафол Мусоев- сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ва Мирзо Абдуллоев — муовини сардори донишкадаи мазкур иштирок намуданд.
Ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки нақши ин Иҷлосияи тақдирсоз дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар бебаҳост. Бинобар ин, дар замони имрӯза моро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расем ва барои баланд бардоштани руҳияи идеявии ҷомеа, аҳамияти ғояи миллӣ ва ватанпарастӣ бикӯшем.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода чун иштирокчии ин иҷлосия хизмати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори сулҳи тоҷикон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия асос ёфтааст, муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷамъомад филми мустанад дар бораи таърихи таъсис ва фаъолияти имрӯзаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ намоиш дода шуд. Муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Мирзо Абдуллоев дар бораи нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди минбаъдаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро изҳор кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






