«Сабоҳ»-дидбонгоҳи сарҳадии нав ба истифода дода шуд

Ноябрь 3, 2015 11:35

Душанбе, 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-31 октябри соли 2015 дар арафаи ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 2044-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ чорабинии ботантана бахшида  ба истифода додани бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сабоҳ» баргузор гардид. 
Иштирокдорон ба афсарон ва сарбозон дар хизмати ҳамарӯза саломатӣ, ҷасурӣ ва бурдборӣ орзу намуда, тақозо намуданд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар бо сари баланд саҳми худро гузоранд. 
Сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ  бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои ҳамаи шароитҳо ва утоқҳо барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.
Бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сабоҳ» дар дараи баландкӯҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир гаштааст ва сарҳадбонон дар фасли зимистон дар шароити ниҳоят вазнини иқлимӣ марзро муҳофизат менамоянд. 
Ба афсарони фаъол барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтирхономаҳо, нишонҳои сарисинагӣ  супорида шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ноябрь 3, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ