Садамаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

Ноябрь 23, 2015 04:07

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ “Ховар”).-22 ноябри соли равон ронандаи мошини тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, сокини 35-солаи ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Навобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсолро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи мошини тамғаи “ГАЗ-2705”, сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди маҳаллаи Пахтакор, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Г.Раҳимови шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи дусолаи сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини 33-солаи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Румӣ ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Қизил-Шарқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми пеши мошини тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, сокини 51-солаи шаҳри Сарбанд бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини “Опел-Астра”, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Ноябрь 23, 2015 04:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст