Садои доираи С. Фозилов зиёда аз 45 сол аст, ки ҳазорҳо мухлисонро ба ваҷд овардааст
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд муаррифии китоби таълимии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доиранавози номдор Саттор Фозилов “Садои дил” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори мактаби санъат Давронҷон Ҳомидов, доирадастони номӣ Фахриддин Қурбонов ва Орифҷон Мирҷамолов доир ба хаёту фаъолияти ин устоди ҳунар ва аҳамияти китоби таҳиянамудаи ӯ сухан гуфтанд
Саттор Фозилов зодаи шаҳри Хуҷанд буда, соли 1972 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар ансамбли рақсии “Лола” фаъолияташро оғоз намудааст. Аз соли 1981 чун доирадасти Ансамбли мақомсароёни назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ба номи Ф. Шаҳобов фаъолият бурда, асрори мусиқии классикиро ботинан аз бар намуда, донишу малакаҳои хешро мукаммал ва сайқал медиҳад.
Зиёда аз 45 сол аст, ки ҳунарманд дар рӯи саҳна бо санъати баланди хеш ҳазорҳо мухлисонро ба ваҷд овардааст.
Дар тӯли эҷод ва фаъолияташ як силсила шогирдони арзанда низ ба воя расонидааст, ки аксарияти онҳо аллакай ба дараҷаи касбӣ расиданд. Имрӯз устод Саттор Фозилов фаъолияти худро дар консерватория ба ҳайси омӯзгори калон идома дода, тарбияи даҳҳо шогирдонро ба уҳда дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






