Сарқонун-дастури зиндагӣ барои миллати тамаддунсози тоҷик

Ноябрь 4, 2015 12:35

Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили  21-умин солгарди  Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зариф  Ализода,  роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук  ҷамъомад   баргузор гардид.
Дар вохўрӣ зикр гардид, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро яке аз нишонаҳои  асосии  давлати  демократӣ меҳисобад.
 Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ  ва  иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, яке аз  нишонаҳои асосии  чунин  давлат арзиши олӣ эътироф  гардидани инсон  ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад.
-Мо,  кормандони мақомоти гумрук бо  итминони комил ифтихор аз он  дорем, ки  бо қабули  Конститутсияи Тоҷикистон  соҳибистиқлолии худро  дар фазои  худшиносиву худогоҳӣ ва  ваҳдати миллӣ,  тинҷиву оромӣ ва якпорчагии  давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Мо бояд  саъю кўшиш кунем, ки ин санади  тақдирсозро  чун  муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрўзу фардои миллати тамаддунсози тоҷик эҳтиром  ва тибқи муқаррароти он зиндагӣ ва фаъолият намоем.

Ноябрь 4, 2015 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ