Сарқонун-санади тақдирсозе, ки тамомияти арзии кишвари моро таъмин мекунад
Рашт, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба 21-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён ва аҳли ҷамъияти ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ аҳли нишаст ва сокинонони ноҳияро бо рӯзи Сарқонуни кишвар табрик намуда, гуфт, ки қабули Сарқонун- ин санади тақдирсоз барои аз байн бурдани хавфе, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ягонагии миллат таҳдид мекард, шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу суботи боэътимодро боз намуд.
Иштирокдорони вохӯрӣ изҳор карданд, ки сокинони ноҳияи Рашт чун дигар мардуми манотиқи кишвар бо дарки масъулият дар таъмини волоияти қонун, рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки фаъолон ва зиёиёни ноҳия вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд ҷараён доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






