Сарқонуни ҶТ кафили ҳифзи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон аст
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ҷашни 21- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Конститутсия (Сарқонун) дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа» баргузор гардид.
Директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода иштирокдорони мизи мудавварро ба ифтихори рӯзи Конститутсия табрик карда, гуфт: «Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ истиқлолияти ба дастомадаро заминаи ҳуқуқӣ бахшид ва дар таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди мо саҳифаи тоза кушод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудааст, ки: «Дар давоми солҳои амали ин санади бақою саодатбахш халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонд ва ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид».
Дар ҳамоиш доктори илмҳои филологӣ Мурод Муродов, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода, номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода, ходими пешбари илми ПИТФИ Ҳасани Муҳаммадӣ дар мавзӯъҳои «Тавсифи арзишҳои Конститутсия дар матбуоти даврӣ», «Конститутсия ва ҳувияти миллӣ», «Конститутсия ва инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва «Таҷассуми ҳуқуқи инсон дар Эъломияи Куруши Кабир» маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки бо шарофати қабули Сарқонун, ки волоияти қонун ва низоми фаъолияти тамоми бахшҳои ҷомеаро таъмин мекунад, таҳкими ҳокимияти судӣ дар мамлакат торафт устувор гашта, халқи куҳанбунёди тоҷик ба дастовардҳои азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардиданд. Маҳз риояи талаботи Сарқонун ва эҳтиром гузоштани ҳар як фарди ҷомеа ба волоияти қонун метавонад ба пешрафти ҷомеа боис гардида, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар ҷаҳони мутамаддин қавитар гардонад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






