Семинар барои рӯзноманигорони ҷавони ВАО дар АНМН
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Бо мақсади иҷрои банди «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 12 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани дониши рӯзноманигорони ҷавоне, ки дар ВАО-и давлатӣ фаъолият доранд ва кормандони марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мавзӯъҳои марбут ба назорати маводи нашъаовар мавод омода мекунанд, семинар баргузор гардид. Дар он рӯзноманигорон аз телевизионҳои давлатӣ, радио, нашрияҳои давлатӣ ва марказҳои матбуоти вазорату идораҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар семинар ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», самтҳои асосӣ ва вазифаҳои сиёсати зидди маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ муаррифӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки хабарнигорон ҳангоми омода намудани мақолаву гузориш доир ба назорати маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ бояд қоидаҳои асосии эҳтиром ва одоби журналистиро риоя намоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






