Шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металлургии Тоҷикистон»
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металлургии Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҳисор шинос шуд.
Корҳои лоиҳакашӣ ва оғози бунёди Комбинати металургии Тоҷикистон соли 2011-ум шурўъ гардида, то имрўз беш аз 95 фисади корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ анҷом дода шудаанд.
Тавре ки таъкид гардид, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин корхонаи саноатӣ иқтидори он дар соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил дода, дар соли сеюми фаъолият иқтидори он то ба 400 ҳазор тонна метал дар як сол расонида мешавад.
Сарвазири мамлакат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар корхонаҳои металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намуд.
Тибқи нақша комбинат аз коргоҳҳои алоҳидаи тайёрии истеҳсолӣ, ҳаллоҷӣ, металлгудозӣ, оксигенӣ-азотӣ ва озмоишгоҳ иборат буда, оғози фаъолияти истеҳсолии он дар нимсолаи аввали соли 2016 пешбинӣ шудааст. Соли аввал дар ин корхона 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад ва баробари тақвияти корҳои истеҳсолӣ дар соли сеюми фаъолият шумораи коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ ба 1000 нафар расонида мешавад. Ҳоло дар пешбурди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот 113 нафар ҷалб шудаанд, ки 100 нафари он мутахассисони маҳалӣ мебошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






