Шукурҷон Зуҳуров: «Қазияи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ дорем»

Ноябрь 4, 2015 10:25

Душанбе, 04.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  баргузор гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба фавти кӯдаки панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ибрози назар намуда, гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ин фоҷиа Маҷлиси намояндагон ин қазияро пайгирӣ дорад. 
-Мо аз рӯзҳои аввал бо ҳамтоёни худ дар Думаи Давлатии Федератсияи Русия ва дигар сохторҳои интизомии ин кишвар дар тамос шуда, хостори ҳарчи зудтар бурдани тафтишоти холисона дар ин кишвар шудем,-таъкид кард Ш. Зуҳуров.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода бо супориши раиси Маҷлиси намояндагон бо кумитаи тафтишотии дар шаҳри Санкт-Петербург будаи Федератсияи Русия дар алоқа буда, аз ҷараёни тафтиш ҳамарӯза воқиф гардида истодааст. Мо аз номи парламенти касбии мамлакат ба падару модари марҳум, албатта, таъзияи худро баён менамоем. 
-Танҳо тафтиш муайян карда метавонад, ки ин ҳодиса чӣ тавр ба вуқуъ пайвастааст. Мо натиҷаи ин тафтишотро интизор мешавем, гуфт дар анҷоми суханрониҳояш раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров.

Ноябрь 4, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ