Силсилаҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса бесобиқаанд
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар паи ҳамлаи маргбор дар шаҳри Парижи Фаронса то кунун беш аз 150 тан кушта шуданд. Бар асоси гузориши расонаҳои фаронсавӣ ин амали террористӣ шаби 13-ба 14 ноябри соли равон содир шудааст. То кунун дар ин ҳодисаи мусаллаҳона дар маҷмӯъ 158 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмҳои гуногун бардоштаанд.
Дар ҳамлаи нахуст дар чанд минтақаи маркази шаҳри Парижи Фаронса, аз ҷумла дар як тарабхонаи ин шаҳр тирандозӣ сурат гирифт.
Дар ҳамлаи дуввум ду инфиҷор дар наздикии майдони варзишӣ рух дод. Дар ин майдони варзишӣ ҳангоми таркиш бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Фаронсаю Олмон ҷараён дошт. Президенти Фаронса Франсуа Олланд дар ин майдон ҳузур дошт, ки хушбахтона, ҷон ба саломат бурдааст.
Ҳамлаи 3-юм бо роҳи гаравгонгирӣ дар театри Батаклан анҷом дода шуд, аммо бинобар ҳамлаи полис ба террористон гаравгонгирӣ поён ёфт. Наздики 120 нафар маҳз дар ҳамин театр кушта шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» бар уҳда гирифтаанд.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои хабарии хориҷӣ роҳбарони давлатҳои ҷаҳон ин ҳодисаи террористиро сахт маҳкум кардаанд.
Дар Фаронса ҳолати фавқулодда эълон шуда, ин кишвар марзҳои худро баста ва аз мардум хостааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






