Ситоди генералии ФР: Русия робитаҳои низомӣ бо Туркияро қатъ мекунад
Душанбе, 25.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Робитаҳои низомӣ бо Туркия қатъ карда мешаванд, изҳор дошт сардори Сарраёсати фаврии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русия Сергей Рудской.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки баъди ҳамлаи Туркия ба ҳавопаймои Су — 24 Русия Ситоди генералии ФР барои таъмини амнияти пойгоҳи ҳавопаймоии Русия дар Сурия тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Ба гуфтаи номбурда, воситаҳои назорати холисона ягон кӯшиши ҳавопаймои Туркияро барои барқарор намудани робита бо халабонҳои мо ба қайд нагирифтаанд.
Мушак дар ҳудуди Сурия ба ҳавопаймои Су — 24М расид. Маҳали суқути ҳавопаймо дар қаламрави Сурия чор километр дуртар аз сарҳад қарор дорад. Сарнишинон худро аз ҳавопаймо раҳо карданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ яке аз сарнишинон дар ҳаво аз тири аз замин парондашуда ҳалок гардид. Мувофиқи маълумоти дақиқи назорати холисона, ҳавопаймои мо сарҳади Туркияро убур накарда буд, ки инро маълумоти дифои зиддиҳавоии Сурия низ тасдиқ менамояд.
Зиёда аз ин, мувофиқи маълумоти иктишофи радиолокатсионии фурудгоҳи «Ҳмеймим», ҳодисаи фазои ҳавоии Сурияро халалдор сохтани ҳавопаймои ҳамлагари Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоии Туркия мушоҳида шудааст. Ин ҳодиса чун дағалона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо пайомади оқибатҳои бадтарин ва мустақиман вайрон кардани Эъломия дар бораи ҷилавгирии моҷароҳо ва таъмини амнияти парвозҳо дар Ҷумҳурии Арабии Сурия, ки бо ИМА ба имзо расида ва ба ҳамаи кишварҳои эътилоф, аз ҷумла ба Туркия низ дахл дорад, арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи сешанбе Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоии Туркия дар фазои Сурия ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 Русияро сарозер карда буданд.
Коршиносони низомии Туркия таъкид доранд, ки ҳавопаймоҳои Русия ҳарими ҳавойии Туркияро нақз кардаанд.
Тибқи иттилои як манбаи низомӣ, ки расонаи хабарии Анозул аз он истинод менамояд, таҳлилҳои коршиносони махсус ба қазияи суқути ҳавопаймоҳои Русия бар он таъкид доранд, ки ҳавопаймоҳои Русия ҳарими ҳавойии Туркияро таҷовуз намудаанд.
Манбаъ меафзояд, ки ҳавопаймои мазкур таҷовуз бар ҳарими ҳавойии Туркияро дар минтақаи «Йойолодоғӣ», воқеъ дар ҳудуди Сурия ва Туркия бо назардошти огоҳиҳо идома дод.
Манбаъ меафзояд, ки ду ҳавопаймои қувваҳои ҳавойии Русия, ки бо назардошти 10 огоҳӣ дар тўли 5 дақиқа ҳарими ҳавопаймои Туркияро нақз карданд, аз ҷониби қувваҳои ҳавойии Туркия зада шуданд. Ва ин дар ҳолест, ки ҷониби Русия бар он таъкид дорад, ки ҳавопаймоҳои кишвараш дар фазои Сурия ба замин афтонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






