Соҳибони медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқот маълум мешаванд

Ноябрь 18, 2015 06:23

Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — 17  ноябр бозиҳои даври 17 — уми мусобиқоти  Тоҷикистон  оид ба  футбол  байни дастаҳои  лигаи олӣ баргузор  шуданд.
Дар   шаҳри  Ваҳдат  вохӯрии дастаи  «Хайр»  бо  дастаи «Равшан» — и  шаҳри  Кӯлоб бо  ҳисоби  0:0 мусовӣ  шуд. Дастаи  «Истиқлол» — и   шаҳри  Душанбе, ки пеш  аз  муҳлат  қаҳрамони  кишвар  гардид,  дар  майдони  худ  клуби «Барқи  тоҷик» — ро  бо  ҳисоби  3:1  мағлуб  сохт.
 Дастаи  «Хуҷанд» дар  варзишгоҳи  «20 — солагии  истиқлолияти   Тоҷикистон» дастаи «Парвоз» — и  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров бо  ҳисоби  1:0 мағлуб  сохт. Вохӯрии  дастаҳои «Регар — ТадАЗ» — и  шаҳри  Турсунзода  ва  «Далерон» — и  шаҳри  Истаравшан бо  ҳисоби 6:0 ба  фоидаи футболбозони  шаҳри  Турсунзода  анҷом  ёфт.  Дастаи «Вахш»  — и  шаҳри  Қӯрғонтеппа  дастаи  ССКА «Помир» — и   шаҳри  Душанберо бо  ҳисоби 4:2 мағлуб  сохт.
Вохӯриҳои  даври  хотимавии  мусобиқот 22  ноябр  баргузор гардида,  тақдири  медалҳои биринҷӣ баъди қувваозмоии  байни  дастаҳои «Равшан»  ва «Регар — ТадАЗ» ҳал  мешавад.

Ноябрь 18, 2015 06:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ