СПЕКА Эъломияи махсус қабул хоҳад кард
Душанбе, 10. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 ва ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА ҳоло дар Душанбе идома дорад. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, раиси гурӯҳи кории лоиҳавии СПЕКА оид ба савдо Саидраҳмон Назриев зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ Ховар гуфт, ки барномаи СПЕКА аз 7 кишвари аъзо- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аст.
Фаъолияти СПЕКА асосан барои инкишофи ҳамкории минтақавӣ дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, дар ҷаласаҳои он раванди инкишофи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, обу энергетика, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ мегарданд. Татбиқи Барномаи СПЕКА тавассути дастгирии кишварҳои кумакрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси принсипи ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст,-илова намуд Саидраҳмон Назриев.
Дар доираи СПЕКА шаш гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба захираҳои обию энергетикӣ, нақлиёт ва убури сарҳад, савдо, омор, рушди иқтисодиёт, масъалаҳои гендерӣ ва иқтисодиёт фаъолият мекунанд.
Дар доираи Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 баргузории панҷ ҷаласаи корӣ дар назар аст. Баъди ҷаласа дар назар аст, ки пагоҳ Эъломияи махсус қабул гардад,- изҳор кард муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






