Суғд: Бунёди 100 га боғи сиёҳолу дар ноҳияи Б.Ғафуров

Ноябрь 10, 2015 12:27

Хуҷанд, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар мавзеи ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 100 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад. 
Дирӯз зимни боздид аз ҷараёни корҳо дар мавзеи маскур раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баён дошт, ки  амали мазкур тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони боғҳо дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуда, ба ин васила заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. 
Ба гуфти раиси вилоят, дар навбати аввал дар ин мавзеъ бояд масъалаҳои обу роҳ ҳалл шаванд, то деҳқонон бе мушкилӣ корҳои боғдориро оғоз намоянд..  Вобаста ба ин, ба ин мавзеъ аз роҳи мошингард то сари замин дар масофаи 2,5 километр роҳ кушода шуда, бо қубурҳои қутрашон 720 мм хатти об низ кашида мешавад. 
Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, обу ҳавои ин минтақа барои парвариши навъи сиёҳолу мутобиқ буда, аз ҷониби масъулин барои интихоби навъҳои сиёҳолу ва раванди бунёди боғ дар ин макон тавсияҳои муфид низ пешниҳод шуданд.   
Раиси вилоят дастур дод, ки дар зери дарахтон, яъне дар майдони 100 гектар пиёз кишт шавад. 
Мутобиқи маълумоти масъулини Сарраёсати кишоварзӣ то ин дам дар вилоят масоҳати майдони сиёҳолу ба 35 гектар расидааст ва дар сурати амалӣ шудани ин тадбир истеҳсоли меваи сиёҳолу чанд маротиба афзун хоҳад шуд. 

Ноябрь 10, 2015 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ