Суғд: Марказҳои фарогирии ҷавонон фаъол мегарданд
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба таъсис ва рушди фаъолияти марказҳои ҷавонон бо иштироки мудирони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мудирони бахши робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявии методӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло оид ба зарурати ташкили марказҳои ҷавонон дар шароити имрӯзаи ҷомеа ва нақши он дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон изҳори андеша кард. Дар семинар доир ба заминаҳои меъёрӣ — ҳуқуқии таъсиси марказҳои ҷавонон директори КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон” Зубайдулло Маҳмадуллоев ба иштирокдорон доир ба устувории фаъолияти марказҳои ҷавонон дастурҳои муфид дода, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба самти фарогирии ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, аз худ намудани донишҳои муосири технологӣ ва худинкишофдиҳии ҷавонон дар шароити фаъолияти марказҳои ҷавонон ҷалб намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






