Суғд: зиёда аз 72 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

Ноябрь 3, 2015 12:45

Суғд, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-То  3 ноябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд  72 ҳазору 117 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 62,66%-и дурнамо баробар аст. Тавре ки ба АМИТ Ховар  Абдуазиз Маҳмудов, сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод,  ҳоло дар вилоят дар маъракаи чиниши пахта кишоварзони ноҳияҳои Конибодом (иҷро-73,57%),  Ашт (70,83%), Спитамен ( 68,25%) ва Ҷ. Расулов (67,37%)  пешсафанд. То аввали моҳи ноябр оид ба иҷрои нақшаи  пахта  беш аз 100 хоҷагии хурду миёнаи пахтакор мужда доданд. Дар вилоят 35 корхонаи коркарди пахта амал карда, ҳамарӯза наздик ба 60 тонна пахта ба коргоҳҳои мазкур ворид мешаванд.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилоят дар майдони 42 ҳазору 953 гектар пахта кишт гардида, қарор аст то охири соли ҷорӣ 115,1  ҳазор  тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шавад.

 

Ноябрь 3, 2015 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ