Таҳдиди бомба дар ҳайвопаймои «TurkishAirlines»

Ноябрь 23, 2015 03:16

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аэробуси А 330 Ширкати ҳавоии «TurkishAirlines», ки аз Ню-Йорк ба Анқара парвоз мекард, бинобар таҳдиди бомба дар дохили ҳавопаймо, дар шаҳри Галифакси Канада ба таври изтирорӣ нишаст. Дар дохили ҳавопаймо теъдоди мусофирону сарнишинон 246 нафарро ташкил медод. Баъд аз фуруд дар фурудгоҳи Галифакс онҳо бо муваффақият ба ҷои амн кӯчонида шуданд. Тибқи гузориши РИА «Новости» полиси Канада тасдиқ кардааст, ки ҳавопаймо бинобар расидани хабари таҳдиди бомба дар дохили ҳавопаймо, самти худро ба Галифакс равона кардааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳавопайморо тавассути сагҳо ва дигар воситаҳои зидди маводи тарканда мавриди таҳқиқ қарор доданд.

 

Ноябрь 23, 2015 03:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст