Тадбирҳои мухталиф ба ифтихори Рӯзи парчам дар Қӯрғонтеппа

Ноябрь 19, 2015 06:36

Душанбе, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  шаҳри  Қӯрғонтеппаи вилояти  Хатлон  Рӯзи парчами  давлатии Тоҷикистон бо  роҳпаймоии ҷавонон,  сокинони  шаҳр  ва  намояндагони  созмонҳои вилоятию  шаҳрӣ  таҷлил  мегардад. 
Тавре  ки  дафтари  матбуоти  маъмурияти   шаҳри  Қӯрғонтеппа  хабар  дод,  иштирокдорони  роҳпаймоӣ бо  парчамҳо  аз  чор  канори  шаҳр  сӯи майдони  марказӣ  ҳаракат  мекунанд. Дар  ин  рӯз  сайругашти оммавӣ   сурат  гирифта,  барномаи  консерти  намоиш  дода  мешавад. 
Ба  ифтихори  Рӯзи  парчам   дар донишкадаҳои олӣ  ва  мактабҳои  шаҳр  бахшида  ба  ин  рӯз  озмуну  конфронсҳои  илмӣ  баргузор  гардида, мусобиқоти  варзишӣ  роҳандозӣ  мешавад.

Ноябрь 19, 2015 06:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст