Таъсиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар Исфара

Ноябрь 19, 2015 07:01

Исфара, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Исфара  аз ҳисоби 25  собиқадори соҳибтаҷриба ва барӯманди ҳизб Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки минбаъд ҳамчун мақоми ихтиёрӣ, ҷамъиятӣ ва ёрирасон фаъолияти хешро роҳандозӣ хоҳад кард. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз бахши кумитаи вилоятии ҲХДТ дар Суғд иттилоъ доданд, ҳадаф аз таъсиси Шӯрои мазкур арҷ гузоштан ба фаъолияти ибратомӯзи бисёрсола, истифодаи таҷрибаву малака ва кордонии собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои такмилу вусъати корҳои ҳизбӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори ҳизб, тарбияи аъзои ҷавони ҳизб дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқатмандӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии собиқадорони ҲХДТ маҳсуб мешавад. 
Интизор меравад, ки шӯрои мазкур ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва татбиқи ғояҳои созанда ваҳадафҳои барномавии ҳизб, омода намудани тавсия ва пешниҳодҳои судманд ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолият, дарёфти роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва ҳам дар пешбурди корҳои мафкуравию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ саҳми муассири худро хоҳад гузошт. 

 

Ноябрь 19, 2015 07:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ