Тавлиди кӯдакони маъюб сабаби пошхӯрии оилаҳо мегардад
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»)- «Солимии миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад ва оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. Дар раванди таҷлили соли оила мақсади асосии ҷарроҳии пластикӣ- ин мусоидат намудан ба пойдориву устувории оилаҳо мебошад, зеро солҳои охир пош хӯрдани оилаҳои ҷавон аз сабаби тавлиди кӯдакони маъюб, ки дар натиҷаи никоҳи хешовандони наздик ба амал омадааст, зиёд ба чашм мерасад »,- гуфт имрӯз зимни маърӯзаи худ номзади илмҳои тиб, мудири шуъба дар маркази ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Абдумалик Давлатов дар мавзӯи «Аҳамияти ҷарроҳии пластикӣ дар солимгардонии муҳити оила» дар 63-юмин конфронси илмӣ- амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо номи «Саҳми илми тиб дар солимии оила», ки бахшида ба Соли оила доир гардид.
Ҳамчунин дар конфронс зикр шуд, ки имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18- сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд, ки шумораи назарраси ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешутаборӣ таваллуд шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






