Тоҷикистон беш аз 1,2 миллиард киловатт — соат нерӯи барқро содир намуд
Душанбе, 30.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли равон беш аз 1,2 миллиард киловатт — соат нерӯи барқро содир намуд. Дар ҷаласаи парлумон дар бораи иҷрои буҷети давлатии ҶТ ва дар бораи Барномаи истифодаи судманди захираҳои обу барқ ва сарфаи нерӯи барқ барои давраи солҳои 2012 -2016 дар ин бора сухан ронда шуд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар фасли тобистон бинобар дар бозори дохилӣ ба қадри кофӣ истифода нашудани нерӯи барқ қисми ками он ба фурӯш бароварда мешавад. Имрӯз бархе лоиҳаҳое дар амал татбиқ карда мешаванд, ки дар оянда ба афзудани содир нерӯи барқ ба кишварҳои дигар мусоидат мекунанд.
Иштирокдорони ҷаласаи парлумонӣ изҳор доштанд, ки камчинии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 2,5 — 3 миллиард киловатт — соатро ташкил дода, ҳаҷми ҳарсолаи тавлиди нерӯи барқ дар кишвар ба 17 миллиард киловатт — соат мерасад. 92,4 фоизи ҳаҷми зикршуда ба тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқӣ рост омада, нишондодҳои тавлиди нерӯи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 7,6 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






