Тоҷикистон беш аз 1,2 миллиард киловатт — соат нерӯи барқро содир намуд

Ноябрь 30, 2015 04:31

Душанбе, 30.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикистон  тайи 9  моҳи  соли  равон   беш  аз  1,2  миллиард  киловатт — соат  нерӯи  барқро  содир   намуд. Дар ҷаласаи парлумон  дар  бораи  иҷрои  буҷети давлатии  ҶТ ва дар  бораи Барномаи  истифодаи  судманди   захираҳои  обу  барқ  ва сарфаи  нерӯи  барқ  барои давраи  солҳои  2012 -2016  дар  ин  бора  сухан ронда  шуд.
Дар  ҷаласа  зикр  шуд, ки дар  фасли тобистон  бинобар  дар  бозори  дохилӣ  ба  қадри  кофӣ  истифода нашудани  нерӯи  барқ қисми  ками  он ба  фурӯш  бароварда  мешавад. Имрӯз  бархе лоиҳаҳое  дар  амал  татбиқ  карда  мешаванд, ки  дар  оянда ба  афзудани содир  нерӯи  барқ  ба кишварҳои  дигар  мусоидат  мекунанд. 
Иштирокдорони  ҷаласаи  парлумонӣ изҳор  доштанд, ки камчинии  нерӯи  барқ  дар фаслҳои тирамоҳу  зимистон 2,5 — 3  миллиард  киловатт — соатро ташкил  дода,  ҳаҷми  ҳарсолаи  тавлиди  нерӯи  барқ  дар  кишвар  ба 17  миллиард  киловатт — соат  мерасад. 92,4  фоизи  ҳаҷми  зикршуда  ба  тавлиди  нерӯи  барқ  дар   нерӯгоҳҳои  барқӣ  рост омада,   нишондодҳои тавлиди  нерӯи  барқ   дар  марказҳои барқу  гармидиҳӣ 7,6  фоизро  ташкил  медиҳад.

 

Ноябрь 30, 2015 04:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад