Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дорад
Душанбе,17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки истифодаи неруи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ хабар доданд, ноиби ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашуров зикр намуд, ки иқтисодиёти замони муосир аз кулли кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон тақозо мекунад, ки маҳсулоти худро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ ба берун барорад. Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров дар мавзӯи «Татбиқи имконоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, афзуд, ки Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дошта, беш аз ҳама, қувваи барқ, алюминий, пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ ба хориҷи кишвар содир мешавад. Агар солҳои шӯравӣ танҳо ба кишварҳои узви Иттифоқи Шӯравӣ робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз Тоҷикистон бо 100 давлати ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад. Масалан, ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2008 21 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми бештари содироти мол аз Тоҷикистон ба кишварҳои Туркия, Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон рост меояд. Ҳанӯз ҳам имкониятҳои фаровони истифоданашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр аст. Масалан, метавонем гардиши савдоро бо Ҷумҳурии Исломии Покистон то 500 миллион доллар афзоиш диҳем, зеро ҳар қадаре, ки содирот бештар сурат гирад, имконияти бештари воридот ва гардиши тиҷоратӣ ба миён меояд.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Ҷабҳаҳои назариявии истифодаи захираҳои обӣ дар шароити Осиёи Марказӣ», «Шарикони стратегии Тоҷикистон дар доираи содирот», «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин» маърӯзаҳо шунида шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






