Қурғонтеппа: Нахустнамоиши «Асрори тақдир»
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа нахустнамоиши филми «Асрори тақдир» доир гардид. Коргардон — таҳиягари филм коргардони ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ, хатмкардаи шуъбаи кинорежисёрии Коллеҷи фарҳанги вилояти Новосибирски Федератсияи Русия бо маҳорати баланд филмро таҳия намудааст. Тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани дониши ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии коргардон аст ва дар филм баръало эҳсос мешавад.
«Имсол, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба зарурати рушди соҳаи синамо таъкид кард, мо тасмим гирифтем, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ як филми пурраметражи иҷтимоиро таҳия ва манзури тамошогарон кунем, — гуфт Хайрулло Давлатов, муаллифи сенарияи филми «Асрори тақдир».
Филм аз ишқи ду ятиме қисса мекунад, ки бо мушкилиҳои зиёде ба воя мерасанд ва дар ҳаёташон дучори монеасозиҳо, хиёнати дӯстон ва мисли инҳо мешаванд. Қаҳрамонҳои «Асрори тақдир» бо либоси зебои миллӣ ҷилва карда, дар тамоми саҳнаҳои филм меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ риоя шудаанд.
Ҳунармандони маъруфи кишвар Қурбони Собир, Назирмад Мусоев, Моҳпайкар Ёрова, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Зафари Валӣ, дар нақши Зафар донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода Маряна Баракбаева ва корманди Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ Наргиси Муҳаммадшариф даъват шуда, нақшҳои асосиро бозидаанд. Аз ҷониби тамошобинон филм бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Зафари Валӣ боз як филми нави мазҳакавии «Хаёлӣ»-ро рӯи навор оварда истодааст, ки аллакай 70 фисади он сабт шудааст ва дар ояндаи наздик пешкаши мухлисон хоҳад гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






