В.Путин: «Ҳавопаймои Русия СУ-24 ба амнияти Туркия ҳеҷ таҳдиде надошт»
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймои Русия СУ-24 ба амнияти Туркия ҳеҷ таҳдиде надошт, дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо Шоҳи Иордания Абдулло II Бин Ал Ҳусейн дар пахши мустақими шабакаи телевизионии Русия 24 изҳор дошт.
«Ҳавопаймоҳои мо дар ягон ҳолат ба Ҷумҳурии Туркия таҳдид накардаанд. Ин чиз равшан аст. Онҳо амалиёти зидди ДИИШ мегузаронданд», — изҳор дошт В. Путин.
«Намедонам, он ҳодисае ки имрӯз рух дод, ба кӣ лозим буд. Ба ҷои он ки фавран бо мо робитаи заруриро ба роҳ монанд, ҷониби Туркия ба шарикони худ дар НАТО барои муҳокимаи ин вазъият муроҷиат кард-гӯё мо ҳавопаймои онҳоро сарозер карда бошем, на онҳо аз они моро. Онҳо мехоҳанд, ки НАТО-ро ба хизмати ДИИШ гузоранд?».
Путин: «Барои изҳори тасаллият ташаккур. Ин ҳодисаҳо аз доираи муборизаи маъмулӣ бо терроризм берунанд. Албатта, ҳарбиёни мо бо терроризм худ ва ҳаёти худро дареғ надошта муборизаи қаҳрамонона мебаранд. Ҳодисаи имрӯза зарбаест ба пушти мо. Ба ин ҳодиса наметавонам баҳои дигар диҳам. Ин зарба, зарбаи шарикони террористон ба пушти мо аст».
Ғайр аз ин, В. Путин изҳор дошт, ки ҳодисаи имрӯза ба муносибатҳои Русияву Туркия метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






