Ваҳдат: Ғоратгарон дастгир шуданд

Ноябрь 30, 2015 10:50

Душанбе, 30. 11. 2015. (АМИТ «Ховар») — Бино ба иттилои  Шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат марди 45-сола, миллаташ афғон, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии шаҳри мазкур, муроҷиат намудааст, ки 19 ноябри соли равон, тахминан соати 20:30 шахсони номаълум дар назди хонаи истиқоматиаш ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 3000 сомонӣ ва 2 телефони мобилиашро  тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
         Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ҷавони  21-сола ва марди 35-солаи сокинони шаҳри Ваҳдатро бо гумони даст доштан дар ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. 

 

Ноябрь 30, 2015 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш