Вазорати маориф ва илм: «Дарсҳои мактабҳои олӣ аз соати 7-30 оғоз мешаванд

Ноябрь 13, 2015 12:01

Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Шурӯъ аз 16 ноябри соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Душанбе машғулиятҳо аз соати 7-30 шуруъ мешаванд. Бино ба иттилои муовини сардори раёсати тахсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва  илми ҷумҳурӣ Маҳмуд Шоев, дар асоси дархости Ҳукумати шаҳри Душанбе ва  бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти мусофиркаш  ва пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  ин иқдомро пеш гирифтааст.
Тавре ки маълум аст, аз оғози соли хониш сокинони пойтахт  аз  мушкилоти норасоии нақлиёти мусофиркаш  ва танбашавӣ дар роҳҳо азият мекашанд. Вазорати маориф ва илми ҶТ аз ҳукумати шаҳри Душанбе  хоҳиш кардааст, ки вобаста ба тағйироти дар реҷаи кории  муассисаҳои таълимӣ ба амал омада,  ҳаракати нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанберо ба ин реҷа мутобиқ гардонад.   Шояд  ин иқдом  қисман барои пешгирии танбашавии роҳҳо мусоидат кунад, зеро акнун теъдоди муайяни донишҷӯён аз меъёри ҳарвақтаи худашон 30-40 дақиқа пештар ба роҳ мебароянд ва  кори нақлиёти мусофирбар ба як низоми муайян медарояд. 
Бино ба гуфтаи Маҳмуд Шоев ин барои донишҷӯён ягон мушкилиро пеш нахоҳад овард, зеро пас аз як моҳ сессияи зимистона оғоз мешавад ва  донишҷӯён метавонанд ба таври озод ба дарс оянд. 
Дар мавриди аз 8-30 ё 9-00  оғоз нашудани дарсҳо Маҳмуд Шоев гуфт, ки аз сабаби дар ду баст фаъолият кардани муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олӣ вазорат имкони дертар оғоз кардани машғулиятҳои басти якумро надошт. 
 «Тавре ки маълум аст, басти дуввум соати 7 анҷом меёбад ва донишҷӯёни басти дуввум ба сардии ҳаво ва  камшавии нақлиёт  рӯ ба рӯ мешаванд.  Бояд ин ҷо хотиррасон намоям, ки дар донишгоҳу мактабҳои миёнаи касбии пойтахт донишҷӯёни ноҳияҳои тобеи марказ низ таълим мегиранд ва  онҳо  шабона бояд ба хона баргарданд, аз ҳамин сабаб саоти дарс аз 7-30 пешниҳод гашт»,-илова намуд М.Шоев.

Ноябрь 13, 2015 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ