ВКД: 3 зан бо гумони дуздӣ дастгир гардид

Ноябрь 26, 2015 07:07

Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми  ноябр дар бозори “Корвон”, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш, ки дар дохили он 600 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ ва 3 телефони мобилӣ буд, ҷамъ ба маблағи умумӣ 6000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 19-сола, зани 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 29-солаи ноҳияи Б. Ғафуровро бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Ноябрь 26, 2015 07:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ