ВКД: Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти «Кумак ҳангоми сӯхтор»
Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-6-уми ноябри соли равон вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти байналмилалии бритонии «Кумак ҳангоми сӯхтор» доир гардид. Дар он муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ Иброҳимзода Нозим, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Абдуллозода Зумрад, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» Ҳабибулло Мирзораҳимов иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти расонидани кумак ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ, дигар ҳолатҳои фавқуллода, пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ва паст намудани сатҳи фавт ва осеб дидани одамон, хусусан наврасону ҷавононро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кумак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон иброз дошт, ки ташкилоти онҳо омода аст бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкориро ба роҳ монда, кумаки худро дар кори омода намудани таҷҳизоти техникии оташнишонӣ, ёрии аввалини тиббӣ, баргузории тренингҳои омӯзишии кормандони оташнишонӣ ва тиб расонад.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.
Ҳамчунин намояндагони ташкилоти байналмилалии «Кумак ҳангоми сӯхтор» ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар маросими ба ин ниҳод супурдани таҷҳизоти техникӣ ва дигар лавозимоти самти оташнишонӣ ва тиббӣ, аз қабили либоси муҳорибавӣ, таҷҳизоти наворбардорӣ ва ёрии аввали тиббӣ, инчунин сертификатҳои хатми тренингҳои омӯзишӣ оиди истифодаи таҷҳизотҳои мазкур аз ҷониби кормандони СХДО ВКД иштирок намуданд.
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филлотт хатмкунандагони тренингро барои омӯзиши муваффақона табрик намуда, гуфт, ки бовар дорад ин таҷҳизот барои наҷоти ҷабрдидагон мусоидат менамоянд. Дар оянда низ чунин ҳамкорӣ идома ёфта, доираи кумакҳои техникӣ васеъ мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






