Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси генералии ЮНЕСКО
Душанбе, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО, ҳамчунин барои тақвият бахшидани муносибатҳо бо ин Созмони бонуфуз бо директори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ вохӯрд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои алоқаманд ба ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷониба бо ЮНЕСКО баррасӣ гашта, ҳар ду ҷониб омодагиро барои тақвият ва тавсеаи ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров, инчунин бо директори осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё хонум Софи Макариу вохӯрӣ намуда, доир ба баргузории намоишгоҳи Тоҷикистон дар Париж табодули назар намуд.
Зимни мулоқот директори осорхона омодагии худро барои сафар ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо осори қадимии кишварамон изҳор намуд.
Бостоншиноси маъруфи фаронсавӣ Франсис Ришар, ки масъули танзими сафари хонум Софи Макариу ба Тоҷикистон мебошад, аҳамияти ҳифзи ёдгориҳои таърихиро таъкид карда, доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, бунёду барқарорсозии онҳо ва сохтмони осорхонаҳои ҷадид дар қаламрави Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
Сафари ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






