Вохӯрии директори АНМН бо намояндагони СММ
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-3 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо муовини мушовири минтақавии Барномаи Рушди СММ оид ба амният дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ Дамян Згаҷнер ва мушовири амнияти СММ дар Тоҷикистон Андрей Кандибко баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори агентӣ меҳмононро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон, инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳҳои интқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба Тоҷикистон, хатсайрҳои асосии қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон шинос намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм ва экстремизм баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори бовар намуданд, ки дар оянда ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар боз ҳам таҳким меёбад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






