Вохӯрии навбатии аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда

Ноябрь 13, 2015 12:55

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 10-11 ноябр дар шаҳри Алмаата дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ аз тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани дафтари ҳамкории сарҳадӣ» вохӯрии навбатии аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда, ки дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шудаанд, баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози минтақавии Лоиҳаи XAC/K22, аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони лоиҳаҳои дигар, ки дар Осиёи Марказӣ таҳия мегарданд, иштирок намуданд.   
Тибқи барномаи вохӯрӣ намояндагони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  бо муаррифинома дар бораи фаъолияти дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар кишварҳои худ баромад намуданд. Сардори Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ки ба ҳайси коршинос даъват шуда буд, дар муаррифиномаи худ дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон оид ба таҷлили шабакаи алоқа байни дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ ва нақши шуъбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ дар ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот нақл намуд. 
Аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда, инчунин коршиносони байналмилалӣ таҳияи бомуваффақияти Лоиҳаи XAC/K22-ро дар минтақа ва комёбиҳои Тоҷикистонро дар соҳаи ташкили фаъолияти дафтар ҳамкории сарҳадӣ зикр намуданд, ки ин арзёбӣ ҳангоми таҳияи Лоиҳаи XAC/K22 дар кишварҳои узви лоиҳа ба назар гирифта мешавад. 
Ба ҳайати дафтар ҳамкории сарҳадӣ яктогӣ намояндагони агентӣ, ВКД, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо — ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиёти муштарак, аз ҷумла хислати байналмилалӣ дошта мебошад. 
Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда ва коршиносони байналмилалӣ якчанд тавсияро барои таҳияи минбаъдаи лоиҳаи XAC/K22 омода намуданд. 

 

Ноябрь 13, 2015 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ