Вохӯрии Рустам Назарзода бо Кортни Гол
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-13 ноябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мулоқоти Директори агентӣ Рустам Назарзода бо ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Тоҷикистон хонум Кортни Гол баргузор гардид.
Директори агентӣ меҳмонро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маводи нашъаовар шинос намуд.
Инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни агентӣ ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори бовар намуданд, ки ҳамкорӣ дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳад гардид.
Меҳмон дар агентӣ аз утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар, Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани маводи нашъаовар дидан намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






