Ёвон: ниёз ба духтурони соҳибтаҷриба
Ёвон, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Соли равон ба беморхонаҳои ноҳияи Ёвон аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 153 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббии рентгенӣ, мобилӣ, монитори назди кати бемор, катҳои функтсионалӣ, микроскоп ва нимкатҳо ворид шуданд.
Аз ҳисоби маблағҳои воридшуда барои беморхонаи марказӣ катҳо, нимкатҳо, таҷҳизоти сахт, ҷевон, мизу курсӣ харид гардид.
Дар ноҳияи Ёвон барои беҳдошти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла барои таъмири ошёнаи дуюми бинои панҷошёнаи беморхонаи марказӣ 1 миллиону 50 000 сомонӣ, аз тарафи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» 200 000 сомонӣ ва аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,7 миллион сомонӣ барои таъмири бинои дуошёнаи комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ ҷудо гардидааст, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмири пурра ҷараён доранд. Дар баробари ин ободкориҳои соҳаи тандурустии ноҳия, боз мушкилоти зиёде боқӣ мондаанд, ки дар оянда умед аст ҳалли худро ёбанд.
Сохтмони комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ, таъмирталаб будани ошёнаи якум, дуюм ва пешдолонҳо аз ошёнаи якум то панҷуми бинои панҷошёнаи беморхонаи марказӣ, таъмирталаб будани боми беморхонаи рақами №1 ва боми беморхонаи рақами №3, нарасидани нақлиёти ёрии таъҷилӣ, хизматӣ ва сӯзишворӣ, нарасидани мутахассисони духтури тибби оилавӣ, ренгенолог, руҳшинос, нарколог, духтури кӯдакона дар беморхонаҳои рақамӣ, таъмирталаб будани лифтҳои беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ ва сохтмони буғхонаи марказӣ аз ҷумлаи ин мушкилотанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






