Ёвон: прокуратура мубориза бо терроризмро тақвият мебахшад

Ноябрь 19, 2015 07:00

Ёвон, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Прокуратураи ноҳияи Ёвон  дар ҳамбастагӣ бо дигар   мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия  баҳри мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъадор, таъмини амнияти давлат  ва ҷомеа  пайваста тадбир меандешад. Кормандони прокуратураи ноҳия пешгирии  ҷиноятҳои террористӣ  ва экстремистӣ, шомилшавии ҷавонону  наврасон  ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгароро  самти муҳими  фаъолият қарор дода, барои ташвиқу тарғиби  қонунгузории ҷорӣ, ки пешгирии ҳолатҳои  номбурдаро  ба танзим медарорад, дар байни аҳолӣ  ва коллективҳои  меҳнатӣ вохӯриву суҳбатҳо  гузаронида истодаанд. Ба иттилои   прокуратураи ноҳияи Ёвон  дар  ҷамотҳои шаҳраку деҳоти Даҳана,  Х. Ҳусейнов,  Ҳаёти нав ва Ёвон  вохӯриҳо барои фаҳмонидани  мафҳум ва моҳияти  қонунгузорӣ  дар бораи  мубориза бар зидди  терроризм  ва экстремизм, пешгирии содиршавии чунин ҷиноятҳо баргузор шуда, ба иштирокдорон роҳҳои пешгирии  ин ҷиноятҳо фаҳмонида шуданд. Инчунин ҳангоми суҳбатҳо  ба иштирокдорони вохӯриҳо  оқибатҳои  амалиёти  мусаллаҳона  ва ҷангҳои харобиовар, ки дар баъзе  давлатҳои минтақаи Осиё ҷой доранд, дар ин давра   авҷ гирифтани  терроризм ва экстремизм ва мақсади намояндагони  гурӯҳҳои ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои  ғаразноки сиёсии хеш бо истифода аз номи  дини мубини ислом ва ба фаъолияти  ғайриқонунии худ ҷалб намудани   ҷавонону наврасон фаҳмонида мешаванд.
Бо ташаббуси прокуратураи  ноҳияи Ёвон  нақшаи вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо фаъолон, аҳли ҷамоат, аҳолии ноҳияи Ёвон оид ба пешгирии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба  ташкилоту  гурӯҳҳои ифротгаро, инчунин фаҳмонидани сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи  чоруми  соли 2015   тартиб дода шуд, ки дар асоси нақшаи  номбурда 24 октябри соли 2015 вохӯрии  роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раиси ноҳия бо  фаъолон, раисони деҳаҳо, имомхатибон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор  шуд.
Мувофиқи иттилои роҳбарияти прокуратураи ноҳияи Ёвон  то имрӯз нисбат ба 5 сокини ноҳия барои ҷиноятҳои  экстремистӣ  ва террористӣ  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашида шуданд.

Ноябрь 19, 2015 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад