Ёвон: прокуратура мубориза бо терроризмро тақвият мебахшад
Ёвон, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Прокуратураи ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баҳри мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа пайваста тадбир меандешад. Кормандони прокуратураи ноҳия пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро самти муҳими фаъолият қарор дода, барои ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ, ки пешгирии ҳолатҳои номбурдаро ба танзим медарорад, дар байни аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида истодаанд. Ба иттилои прокуратураи ноҳияи Ёвон дар ҷамотҳои шаҳраку деҳоти Даҳана, Х. Ҳусейнов, Ҳаёти нав ва Ёвон вохӯриҳо барои фаҳмонидани мафҳум ва моҳияти қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, пешгирии содиршавии чунин ҷиноятҳо баргузор шуда, ба иштирокдорон роҳҳои пешгирии ин ҷиноятҳо фаҳмонида шуданд. Инчунин ҳангоми суҳбатҳо ба иштирокдорони вохӯриҳо оқибатҳои амалиёти мусаллаҳона ва ҷангҳои харобиовар, ки дар баъзе давлатҳои минтақаи Осиё ҷой доранд, дар ин давра авҷ гирифтани терроризм ва экстремизм ва мақсади намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсии хеш бо истифода аз номи дини мубини ислом ва ба фаъолияти ғайриқонунии худ ҷалб намудани ҷавонону наврасон фаҳмонида мешаванд.
Бо ташаббуси прокуратураи ноҳияи Ёвон нақшаи вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо фаъолон, аҳли ҷамоат, аҳолии ноҳияи Ёвон оид ба пешгирии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро, инчунин фаҳмонидани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи чоруми соли 2015 тартиб дода шуд, ки дар асоси нақшаи номбурда 24 октябри соли 2015 вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раиси ноҳия бо фаъолон, раисони деҳаҳо, имомхатибон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор шуд.
Мувофиқи иттилои роҳбарияти прокуратураи ноҳияи Ёвон то имрӯз нисбат ба 5 сокини ноҳия барои ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






