Зафаробод: Чорабинӣ доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ

Ноябрь 19, 2015 12:16

Зафаробод, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ»- чунин унвон дошт чорабиние, ки аз ҷониби кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки донишҷӯёни Коллеҷи политехникии ноҳия доир гардид. Дар вохӯри  150  донишҷӯю омӯзгорони муассисаи номбурда ширкат намуданд. 
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти маҳаллии ноҳия хабар доданд, намояндагони кумитаи ҲХДТ дар ноҳия аз пайвастани ҷавонони кишвар ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои тундрави террористиву ифротгароӣ мисолҳои равшан оварда,  оид ба хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд. 
Ҳамзамон оид ба сабаб ва омилҳои баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва воқеаҳои 4-уми сентябри соли равон, ки дар пойтахти кишвар рух доданд, ба аҳли нишаст маълумоти муфассал доданд. 

Ноябрь 19, 2015 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ