10-уми декабр-Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Ҳамасола дар саросари олам 10-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабри соли 1948 дар Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо -«Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар» қабул гардид.
Бояд зикр кард, ки санади муҳими ҳуқуқӣ аз 30 модда иборат буда, дар он ҳуқуқҳое сабт шудаанд, ки зиндагию фаъолияти шоиста ва шарафмандонаи ҳар як инсонро дар бар мегиранд.
Дар он ҳамчун раҳнамои ҳуқуқи башар ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, мерос, интихоби манзил, афкору эътиқод ва ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст.
Тибқи моддаи 10 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳими байналмиллалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории кишвари мо- Тоҷикистон ба шумор меравад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






