163 медали тиллои варзишгарони тоҷик дар соли 2015

Декабрь 8, 2015 10:58

Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Варзиш аз соҳаҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ҳамасола  меафзояд. Вобаста ба ин, соли равон дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ  8957 варзишгар, ки 1741 нафари он бонувонанд, ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли 2014 2188 варзишгар, аз ҷумла 695 нафар бону зиёдтар аст.
Дар ин замина иштироки варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба маротиб зиёд гардида, танҳо дар соли 2015 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 499 медал, аз ин шумора 163 тилло, 155 нуқра ва 181 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Декабрь 8, 2015 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд